ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ВОЖАҲОИ ЛЕКСИКАИ ЗАРГАРӢ ВА ОРОИШӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ

Shukurova, Hafiza

FarDU ilmiy xabarlari · 2025-yil

Annotatsiya

<p>Муаллима Истамова Марҳабат. Ин зани оқилаю меҳрубон, фидоию меҳнатдӯст ва ботамкину хушмуомиларо аз овони донишҷӯиям мешиносам. Хуб дар хотир дорам муаллима соли хониши 2000 2001 ба мо донишҷӯёни филологияи тоҷик аз фанни Методика” дарс мегуфтанд. Аз ҳамон давр ин ҷониб дар дили ман нисбати касби муаллимӣ шавқи зиёд пайдо шуд. Зеро тарзи гуфтор, рафтор, одоби шинухез ва муомилаи муаллима хеле хоса буд. Ба таври дигар гуфтан ҷоиз бошад муаллима дар ҳар ҷода “методика”и хоси худро доштанд. Ҳар як дарси он касро бо интизории махсус мунтазир мешудам. Ҳамин ки муаллима ба аудитория ворид мешуданду бо донишҷӯён мисли як модари меҳрубон аҳволпурсӣ мекарданд, беихтиёр як ҳиссиёти аҷиб вуҷудамро фаро мегирифт. Дар дил ният мекардам, ки Худо расонаду агар муаллима шавам мисли муаллима Исматова мешавам.</p> <p> Шукронаҳо, ки баъди хатми донишгоҳ то ин замон дар ин боргоҳи илм фаъолият дорам, муаллима ҳам шудам, вале намедонам то чӣ андоза аз услубу методҳои кории муаллима Истамова истифода карда тавониста истодаам.Бо вуҷуди он мудом кӯшиш мекунам, то шабеҳи онкас бошам. Зеро муаллима дар баробари фаъолияти илмӣ дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъол буданд...</p> <p> Бояд тазаккур намуд, ки барои ҳар як зан пеш аз ҳама ҳаёти оилавӣ муҳим асту бахти асосӣ низ бахти оилавист. Муаллима Марҳабат Истамова дар ин ҷода низ муваффақ ҳастанд. Баъди он ки бо муаллима дар донишгоҳ дар як ҷамоа меҳнат кардем, бо онкас аз наздиктар шинос шуда, ба хонаашон рафту омадҳо кардан низ насибам шуд ва соҳиби фарзандони солеҳ, рӯзгори тинҷу осуда ба таври умумӣ гӯем оилаи хушбахт будани он касро амин гардидам. Аз ин ҷиҳат низ ба он кас ҳавас кардам...</p> <p> Вақто ки бо муаллима менишинед, аз сӯҳбатҳои пурмазмунашон сер намешавед.Зеро умри бобаракат дидаанду санҷишҳои зиёди ҳаёт ва хушбахтона аз ин санҷишҳо омирона гузаштаанд. Дар ин рӯзҳои ҷашни солгарди умр устоди гаронқадрро сидқан табрику муборакбод мегӯям. Мехоҳам, ки солҳои зиёд ба бахти мо шогирдон ва фарзандону пайвандонашон сиҳату саломат гарданду мудом маслиҳатгару дуогӯямон бошанд!</p>

Maqola ma’lumotlari
MualliflarShukurova, Hafiza
JurnalFarDU ilmiy xabarlari
Nashr sanasi2025-04-25
Jild31
Son2
Betlar163-171
TilO‘zbek

Kalit so‘zlar

Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, заргарӣ, ороиш, зар, заррин, гавҳар, сим, ёқут, дебо, беҷода, забарҷад, зарринситом, зарринниём, зарринсипар, зарринкулоҳ, гӯшвор, тавқ, ҳалқа, тоҷ, зартобут., Firdavsi, Shahname, jewelry, ornamentation, gold, golden, gem, silver, ruby, brocade, turquoise, emerald, golden belt, golden sheath, golden shield, golden helmet, earring, necklace, ring, crown, golden coffin.

Ilmiy soha

FarDU ilmiy xabarlari jurnalidan boshqa maqolalar

FarDU ilmiy xabarlari — barcha maqolalar